ШУМО БИГӮЕД: Оё “барқкушӣ”-и “Барқи тоҷик” профилактика аст?
Чанд рӯзи ахир сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз қатъ шудани неруи барқ шикоят мекунанд. Чанд нафар дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, шурӯъ аз 13 октябр шабона аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ ва рӯзона аз соати 08:00 то 17:00 барқ қатъ мешавад. Дар ҳамин ҳол, масъулини “Барқи тоҷик” сабаби қатъи неруи барқро ба “корҳои профилактикӣ-таъмирӣ” рабт медиҳанд. Ҳоло ШУМО БИГӮЕД, ки оё дар маҳалли зисти шумо дар як шабонарӯз чанд соат барқ қатъ мешавад ва ба ҳарфҳои масъулини “Барқи тоҷик”, ки мегӯяд, “лимит” ҷорӣ нашудаву танҳо корҳои профилактикӣ сурат мегиранд, бовар доред?