АКС: Эълони соҳибони ҷоизаи Лоҳутӣ: Шариф Мисайзод, Иршод Сулаймонӣ ва....
Исми барандаҳои Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015 имрӯз, 17 октябр дар толори театри ба номи Лоҳутии Душанбе эълон гардид.
Хабарнигори “Озодагон” аз ин маросим иттилоъ дод, дар бахши матбуот ин ҷоиза баъд аз марг ба марҳум Шарифи Мисайзод эъто гардид. Мисайзод моҳи июни соли равон дар пайи бемории қалб даргузашт. Ҳангоми эълони номи ӯ аҳли толор аз ҷо баланд шуд. Абдуҷаббор Раҳмон, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар бахши робита бо ҷомеа ҷоизаро ба ҳамсари Мисайзод тақдим кард.
Дар бахши телевизион Исматуллоҳи Азиз, сардабири барномаҳои таҳлилии “Ҷаҳоннамо”, дар бахши илм Шариф Муллоев, мудири кафедраи матбуоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд. Имсол бахши матбуот чор баранда дошт: Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон”, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, муҳаррири “Чархи гардун” ва Абдулмаҷид Бобоҷонову Ҳасан Юсуфи Файзбахш.
Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ки ба рӯзноманигорони ҷавон дода мешавад, имсол насиби Хуршед Мавлонову Гулбаҳор Маҳкамовагардид.
Зинатуллоҳи Исмоил, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар интиҳои маросим изҳор дошт, ки ба хотири гиромидошти Акбари Саттор, раиси пешини ин иттифоқ ҷоизаеро таъсис додаанд: "Ин ҷоиза ба соҳибкор, мақомот ё ниҳоде дода мешавад, ки давоми як сол барои аз фаъолият боз намондани расонаҳо ёрӣ мерасонад".