Киҳо ҳаққи ба артиш нарафтанро доранд? (ИНФОГРАФИКА)
Шурӯъ аз 1 октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш оғоз ёфт. Қаблан, Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, давоми 10 рӯз нақшаи даъват 50 дарсад иҷро шудааст. Мақомот мегӯянд, солҳои ахир раванди ихтиёрӣ ба артиш омадани ҷавонон суръат гиирфтааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бино ба гуфтаи соҳибназарон ҳанӯз далелҳои тавассути “облава” ҷалб шудани одамон мавҷуд аст. Аз сӯи дигар, баъзан шикоят мешавад, ки афроде ҳам, ки тибқи қонун ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро доранд, ба артиш даъват мешавад. ИНФОГРАФИКАи “Озодагон” дар ҳамин мавзӯъ аст.