Манбаъ афзуд, намояндаи созмони ҳамкории байналмилалии Олмон Хартвиг Унгетум таъсисёбии Шӯрои машваратии назди раиси вилоятро фоли нек арзёбӣ кард ва баҳри ҳамкорӣ соҳибкорони вилоятро даъват намуд. Ҳамзамон, раиси вилоят Қоҳир Расулзода раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муовини раиси вилоят Суюнхон Рустамов муовини раиси Шӯро ва аъзои Шӯро интихоб карда шуданд. Бо пешниҳоди Одилҷон Ёқубов - намояндаи ҷамъияти ҳамкории байналмиллалии Олмон дар вилояти Суғд Фотеҳхон Маъсумов котиби масъули Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шуд.Дар бораи фазои сармоягузорӣ дар вилоят сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Илҳом Иномов маърӯза кард.
Қоҳир Расулзода дар поёни машварат гуфт, ки моҳи декабри соли равон мулоқоти ӯ бо соҳибкорон дар назар дошта шудааст. Райис соҳибкоронро даъват намуд, ки дар бораи муаммову мушкилиҳояшон пешниҳоду таклифҳоро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ирсол намоянд.