Никоҳи бармаҳал ё “пирдухтар” мемонӣ? (ВИДЕО)
Коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъалаи никоҳи бармаҳали духтаронро баррасӣ карда, яке аз омилҳояшро тарси худи духтарон аз “пирдухтар” мондан хондаанд. Коршиносон зимни баррасии ин мавзуъ дар барномаи “Настоящее Время” никоҳи бармаҳалро ба масоили мазҳабӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ рабт додаанд.
Аммо Лола Олимова, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, таҷрибаи ҳаёту талоқи зиёд дар Тоҷикистон мардумро водор ба таҳлил ва канорагирӣ аз издивоҷҳои барвақтӣ кардааст: “Азҳампошии хонаводаҳо хеле зиёд аст ва бисёри духтароне, ки дар 17-18-солагӣ шавҳар мекунанд, дар синни 20-23-солагӣ бо фарзандонашон танҳо мемонанд. Мардум дарк карда истодааст, ки қабл аз издивоҷ бояд духтаронро соҳиби маълумоту касб кунанд”.
Видеои баҳси коршиносон дар бораи никоҳи бармаҳал: