Маслиҳати Шӯрои уламо ба ошиқи духтари бадахшонӣ
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба як ҷавон, ки духтари бадахшониро дӯст доштаасту модараш мухолифи издивоҷи онҳо мебошад, маслиҳат додааст.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломӣ ҷавони ошиқ ба ин ниҳод муроҷиат карда, гуфтааст: “Ман бо як духтари бадахшонӣ шинос шудам ва ба якдигар писанд омадем. Духтар аз маълумоти динӣ ва мазҳаби ҳанафӣ дур буд, ман ба ӯ пешниҳод кардам, ки агар либоси миллӣ пӯшию панҷ вақт намоз хонӣ, бо ту никоҳ мекунам. Духтар пешниҳоди маро қабул ва иҷро кард, аммо аз сабаби бадахшонӣ буданаш модари ман ба оиладоршавии мо розӣ нашуд. Оё кори кардаи мо дуруст аст ё хато? Илтимос бо далелҳо ҷавоб диҳед. Ба модарам чӣ машварат медиҳед?”
Шӯрои уламо посух додааст, “дар ин сурати ҳол ки шумо он духтарро мехоҳед ва ӯ ҳам ба суханони шумо гӯш медиҳад, аз дидгоҳи дини мубини Ислом шумо метавонед, ки бе ягон шакку шубҳа бо он духтар оила бунёд кунед. Аммо дар мавриди модаратон бошад, хуб аст, ки модари шумо бо он келиншаванда ҳамсуҳбат шаванд, умед аст, ки Худованди меҳрубон дар ин иқдоми хайре, ки шумо пеш гирифтаед, кумакатон намояд. Албатта шариати Ислом пайравони ахлоқи писандидаро меписандад ва ба он тарғиб мекунад, фарқ намекунад, ки аз кадом минтақа ва дар чӣ шаклу сурат ҳастанд. Худо ёру мададгор”.
Дар Тоҷикистон, ки аксари сокинон пайрави мазҳаби ҳанафия ҳастанд, баъзан дар мавриди издивоҷ бо сокинони исмоилии ВМКБ нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Аммо Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Ислом пайравони ахлоқи писандидаро меписандад ва ба он тарғиб мекунад ва фарқ намекунад, ки аз кадом минтақа ва дар чӣ шаклу сурат ҳастанд.