Роғун: Боздошти муттаҳамон дар рабудани беш аз 80 чорво
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми рабудани 84 сар чорвои хурд чор сокинони шаҳри Роғунро боздошт кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, боздошти ин афрод дар пайи шикояти як сокини 57-солаи ноҳияи Варзоб сурат гирифтааст. Ӯ дар аризаи худ навиштааст, "8 октябри соли 2016, тахминан соати 20:00 шахсони номаълум пинҳонӣ аз заминҳои ҷамоати деҳоти Лигири шаҳри Роғун, 84 сар чорови хурдро, ки арзишашон 84000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд".
ВКД мегӯяд, нисбати дастгиршудаҳо, ки аз 19 то 40 сол доранд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.