«Марҳилаи аввал, тиҷориккунонӣ-солҳои 2011 – 2013, марҳилаи дуввум, рақобатпазирӣ – солҳои 2014 – 2015 ва марҳилаи сеюм хусусигардонӣ, ки солҳои 2016 – 2018-ро дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал солҳои 2011 – 2013 се зерсохтор, ки ба истеҳсол, интиқол ва тақсими барқ машғул хоҳанд шуд, ташкил мешаванд. Дар марҳилаи дуюм ин зерсохторҳо ба ширкатҳои алоҳидаи мустақил табдил меёбанд. Дар марҳилаи сеюм ҷараёни хусусигардонии ширкатҳо сурат хоҳад гирифт».
Хоҷаева таъкид мекунад, ки бо назардошти стратегӣ будани соҳаи энергетика, баъди тақсими ширкати «Барқи тоҷик» ба се ширкати алоҳида, 51 фоизи саҳмияҳои ин ширкатҳо дар дасти давлат боқӣ хоҳад монд.
Хароҷоти таҷдиди сохтори «Барқи тоҷик» ҳудуди 30 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирии молӣ хоҳад ёфт.