Вокуниши Қодиров ба латукӯби духтари Емеляненко
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон латукӯби духтари Федор Емеляненкоро маҳкум карда, изҳори омодагӣ намудааст, ки барои дарёфту муҷозоти муттаҳам дар ин ҷиноят мусоидат намояд.
Изҳороти марбутаи Қодиров дар сомонаи расмии ҳукумати Чеченистон нашр шудаст. Қодиров мегӯяд, нафарони дар ин ҷиноят дастдошта на танҳо барои латукӯб, балки барои амалҳои иғвоангез ва қасди барангехтани адовати миллӣ ба дасти қонун супурда шаванд.
Қадиров бовар дорад, ки ҳадаф аз даст задан ба ин амал танҳо расондани зарари ҷисмонӣ набудааст. “Ба эҳтимоли хеле қавӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳадаф аз чунин кор таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кардан буд”.
Қодиров дар хитоб ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки дурбинҳо ҳар метри Маскавро назорат мекунанд ва имкони пайдо намудани гунаҳкор зиёд мебошад: “Мо ҳам дар ин замина кор мекунем ва омодаи мусоидати ҳаддиаксарӣ ҳастем. Муҷозоти муҷримон дақиқ, ҳассос ва мардум ҳам бояд аз он огоҳ бошанд”.
Духтари 16-солаи Емеляненко рӯзи 12 октябр ҳангоми бозгашт аз мактаб аз сӯи марди ношиносе мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай аз ноҳияи қафаси сина зарба хӯрда ба бемористони интиқол ёфт ва дирӯз ҷавоб шуд. Ҳамла ба духтари Емеляненко дар ҳоле сурат гирифт, ки падараш Фёдор Емеляненко мусобиқаи бидуни қоида бо иштироки кӯдаконро, ки аз сӯи Рамазон Қодиров ташкил шуд, маҳкум кард.