Эълони номи милисаҳое, ки гӯиё аз сайёҳон пул хостаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон номи кормандони ин ниҳодро, ки аз ҷониби рӯзноманигорони қазоқ дар тамаъкорию нақзи низоми хидматӣ муттаҳам шуданд, номбар кард.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шикояти рӯзноманигорони қазоқ дар мавриди он, ки гӯиё милисаҳои муҳофизи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз онҳо пул хостаанд, дар доираи лоиҳаи “Хабарнигори фаврӣ” таҳқиқ шуд: “Дар натиҷа, нисбати командири Взвод оид ба муҳофизати иншоотҳои давлатии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ капитани милитсия Убайдов Искандар ҷазои интизомӣ дар намуди «Танбеҳ» татбиқ гардида, милитсионерони Взводи мазкур-командири шӯъбача прапоршики калони милитсия Гадоев Сафар ва сержанти калони милитсия Нормаҳмадов Авлиёқул аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд”.
Манбаъ гуфт, кормандони мазкур бо далели вайрон намудани интизоми хидматӣ аз кор ронда шуданд, аммо зимни бозпурсӣ онҳо тамаъкорӣ ва талаб кардани пул аз шаҳрвандони Қазоқистонро рад карданд.
Таҳқиқи рафтори милисаҳо тоҷик дар маркази Душанбе баъди навиштаи Бақитҷон Буқарбой, рӯзноманигори қазоқ сурат гирифт, ки аз пулталабии милисаҳои назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ шикоят кард. Ӯ амали кормандони милисаро, ки бо баҳонаи “имрӯз мавлуд дорам”, пул талаб кардаанд, ба “гадоӣ”-и ҷугиҳо монанд кардааст. Буқарбой навиштааст талабандагии кормандони милиса дар майдони марказии шаҳри Душанбе ӯ ва ҳамроҳонашро дар ҳолати “шок” гузоштааст.
Зери навиштаи Буқарбой дар саҳифааш тули се рӯз бештар аз 400 нафар лайк гузошта, 241 шарҳ навиштаанд. Бархе аз шарҳнависон навиштаи муаллифро тасдиқ карда, рафтори милисаро шармовар хондаанд. Иддаи дигари корбарон гуфтаанд, журналисти қазоқ муболиға карда, бо ғарази шахсӣ матлабро навиштааст.