Муфтии Тоҷикистон: Ҳамҷинсгароӣ маблағгузорӣ мешавад
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳафтаи дуюм аст, ки дар мавъизаи намози ҷумъа дар мавзӯи ҳамҷинсгароӣ суҳбат карда, мардумро аз оқибатҳои бади он огоҳ мекунад.
Муфтии Тоҷикистон имрӯз, 14- октябр дар суханронии қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, давлатҳо ва ташкилотҳое ҳастанд, ки барои паҳн кардани падидаи номатлуби ҳамҷинсгароӣ маблағгузорӣ мекунанд. Ӯ таъкид намуд, "аммо моро зарур аст, инро бо роҳи насиҳату фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ намоем. Бадбахтиву касофатие, ки дар ин кор ҳаст дар ягон кори дигар нест. Бинобар ҳамин аз чунин аъмоли бад бояд дурӣ ҷӯст”.
Абдулқодирзода ҳушдор дод, “ҳар нафаре, ки ба ин кор даст мезанад аз лаззатҳое, ки Худованд барои бандагонаш додааст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират маҳруму аз раҳмати Аллоҳ бенисиб хоҳад шуд”.
Ӯ тақдири қавми Лутро мисол оварда, илова кард: “Қавми Лут низ ба ҳамин кор дода шуда буданд, ки Худованд зеру забар, несту нобудашон кард. Аз онҳо ба ғайр аз таърихи бад дигар ҳеч чизе боқӣ намонд”.
Дар мавъизаи қабл аз намози ҷумъаи 7 октябр низ Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба мавзӯи ҳамҷинсгароӣ дахл намуда, аз оқибатҳои нохушанди он ҳушдор дода буд.