Оғози сабти дубораи симкортҳои Тоҷикистон
Бархе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон карданд, ки аз 1-уми ноябри соли равон азнавбақайгирии сартосарии симкортҳоро дар кишвар оғоз хоҳанд кард.
Тавре аз ширкати мобилии “Вавилон-Мобайл” ба “Озодагон” иттилоъ доданд, азнавбақайдгириии SIM-кортҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 207-7 аз 30 апрели соли 2016, ройгон сурат хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ, истифодабарандагони SIM-кортҳои ин ширкат барои азнавбақайдгирӣ метавонанд ба яке аз шуъбаи муштариён ва ё ба марказҳои хизматрасонӣ муроҷиат намоянд.
Масъалаи азнавбақайдгирии симкортҳо баъди ошкор шудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии симкортҳои Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор дар Афғонистон ба миён гузошта шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, моҳи апрели соли равон қарори ҳукуматро имзо намуд, ки бар асоси он азнавбақайдгирии симкортҳои қаблан фурӯхташуда давоми як соли оянда амалӣ карда шавад ва ширкатҳои мобилӣ уҳдадоранд муштариёнашонро як моҳ қабл аз оғози маърака огоҳ намоянд.