Исми барандаҳои Ҷоизаи Лоҳутӣ 17 октябр эълон мешавад
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, исми барандаҳои Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015-ро рӯзи душанбеи 17 октябр эълон мекунад.
Зинатуллоҳ Исмоилзода, раҳбари Иттифоқи журналистон ба “Озодагон” гуфт, маросими тантанавии тақдими ҷоиза соати 17 дар толори театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор мешавад: “Дар ин маросим ҷомеаи журналистии кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати ҷумҳурӣ ва васоити ахбори умум иштирок мекунанд”.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз байни беш аз 30 журналист ва тадқиқгаре, ки маводи худро пешниҳод сохтаанд, беҳтаринҳоро муайян намудааст. Ҷаноби Исмоилзода афзуд, дар ин рӯз ғолибони Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ низ муаррифӣ мешаванд.
Ҷоизаи Лоҳутӣ ҳамасола дар чор бахш -- матбуот, радио, телевизион ва маводи илмӣ–тадқиқотӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март супорида мешавад. Имсол ин маросим истисноан ба моҳи октябр гузаронда шуд.