Амри Путин барои тақдими орден ба Убайдуллоев
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия амр додааст, ки барои таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Русия ва Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шавад.
Дар ин бора сомонаи расмии Кремл хабар додааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ордени мазкурро Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федералии Русия 13-уми октябр дар Душанбе ба Убайдуллоев тақдим кардаст. Убайдуллоеви 64-сола, яке аз чеҳраҳои асосии сиёсии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир мебошад, ки дар баробари роҳбарии парлумон давоми беш аз 19 соли охир шаҳрдории Душанберо низ ба уҳда дорад.