Мардум: “Лимит” оғоз шуд... “Барқи тоҷик”: Не, “профилактика”
Сокинони навоҳии Тоҷикистон бо “Озодагон” тамос гирифта, аз маҳдудияти интиқоли барқ тайи рӯзҳои охир хабар доданд.
Субҳон, як сокини ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, имрӯз, 14-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шабонарӯзи гузашта интиқоли барқ дар маҳалли зисташон қатъ шудааст: “Дирӯз 8-и саҳар интиқоли барқро қатъ карданд, соати 5-и бегоҳ барқарор карданд. Шабона аз соати 10 то 5-и субҳ хомӯш карданд. Ин саҳар боз соати 8 интиқоли барқро қатъ карданд”.
Инчунин сокинони навоҳии дигари атрофи Душанбе низ аз маҳдудияти интиқоли барқ хабар доданд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар шарҳи вазъ ба “Озодагон” гуфт, расман ҳоло лимити барқ оғоз нашудааст маҳдудиятҳо ба корҳои профилактикӣ дар бархе манотиқи кишвар рабт доранд. Ёдгорӣ афзуд, ҷорӣ намудани “лимит” баъди таҳлили мутахассисон рӯзҳои наздик дар назар аст.
Қаблан Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” иттилоъ дода буд, ки бо барқарор гардидани иқтидорҳои нав, таъмини неруи барқ ба аҳолӣ дар зимистони имсола нисбат ба солҳои пеш беҳтар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол тибқи мониторингги Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон 13-уми октябр сокинони ноҳияи Файзобод-17 соат, Ҳисор-11, Ҷиргатол-16, Нуробод-24, Рашт-11, Роғун-14, Рӯдакӣ-22, Шаҳринав-20, Тоҷикобод-19, Турсунзода-22 ва Ваҳдат 7 соат барқ гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ навоҳии вилояти Суғд 24 соат бо барқ таъмин будаанд. Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон афзуд, ки 13-уми октябр таъминоти барқ дар ноҳияи Бохтар ба 12 соат, Данғара-8 соат, Ҳамадонӣ-21, Ҷиликӯл-20, Ҷомӣ-11, Ховалингу А.Ҷомӣ-11, Хуросон-12, Муъминобод-12, Носири Хусрав-10, Панҷ-18, Қубодиён-17, Шаҳритус-19, Шамсиддини Шоҳин-18, Темурмалик-20, Вахш-11, Восеъ-17 ва Ёвон-19 соат баробар будааст. Дар ВМКБ ба истиснои Мурғоб, ки 8 соат барқ доштааст, навоҳии дигар 24 соат бо неруи барқ таъминанд.