Боздошти ҷавони 28-сола барои қатли падарандар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 28-солаи ноҳияи Шаҳритус хабар дод, ки дар қатли падарандари 53-солааш муттаҳам мешавад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, куштор 9-уми октябр тақрибан соати 19:30 рух додааст: “Ҷавон дар хонаи истиқоматиашон бо падарандари 53-солааш ҷанҷол намуда, бо корд 6 бор ба падарандараш зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои манбаъ муттаҳам дар ин куштор танҳо баъди 4 рӯз, 13-уми октябр боздошт шуд: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.