Миннатдории Э.Раҳмон ба Арманистон барои ёрӣ дар кори таҳкими сарҳади Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Ереван бо Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин дидор, ки шоми 13 октябр сурат пазируфт, асоаан масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардиданд: “Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмании худро барои густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид карданд”.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расонидани кӯмак дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст. “Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мароқ зоҳир карда, дар ин замина фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистонро махсус таъкид намуданд”,-меафзояд манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон зуҳри дирӯз, 13 октябр ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Еревани Арманистон сафар кард.