Тағйироти кадрӣ: Аз раиси нави “Тоҷикаэронавигатсия” то қатъи ваколати Носирови марҳум
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як қарор Ҷобиров Иброҳим Исмоиловичро аз вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” озод кардааст.
Дар ин қарор гуфта мешавад, Ҷобиров “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми худ дар ин ниҳод озод шудааст. Оқои Раҳмон бо қарори дигар Ашуров Лоиқ Бегиҷоновичро раҳбари “Тоҷикаэронавигатсия” таъин намудааст.
Ҳамчунин бо амрҳои раисиҷумҳур Қаҳор Ойматов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президент озод шуда, бо далели даргузашти Исроил Носиров ваколати ӯ ҳамчун директори Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президент қатъ гардидааст.
Бо амри дигар Эмомалӣ Раҳмон Муҳиддиниён Пулод Муҳиддинро директори Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ва Комилиён Файзалӣ Саъдуллоро муовини раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин кардааст.
Инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ озод шуда, командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ таъин гардид: “Подполковники гвардия Бобохонзода Ҷурахон Мирзохон командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад”.