Парвандаи 5 корманди пулис барои пулгирӣ аз мусофири тоҷик
Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар умури нақлиёт иттилоъ додааст, ки 5 корманди пулиси фурудгоҳи Ростови лаби Дон барои пулгирӣ аз мусофирон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод нахустин ҳолати пулгирии кормандони пулиси фурудгоҳ моҳи апрели соли равон ифшо шуд: “Кормандони пулиси нақлиёт дар дохили дафтари кории худ дар фурӯдгоҳи шаҳри Ростов барои ба ҷавобгарии маъмурӣ накашидани як шаҳрванди Тоҷикистон аз ӯ ришва гирифтаанд ва ваъда додаанд, ки ба ивази маблағ барои идомаи сафараш ба Маскав иҷозат медиҳанд”.
Дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ гуфта шудааст, ки ҳангоми тафтишот чандин амали мушобеҳи маъмурини пулис маълум шудааст: “Айни ҳол бозпурсии шоҳидон ва ҷамъоварии делелҳои бештари ришвахурии кормандони пулис идома дорад”.