Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зуҳри имрӯз, 13 октябр ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Еревани Арманистон сафар кард.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ӯро дар фурудгоҳи Душанбе раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд: “Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”.