Нашриёти "Меъроҷ"-и шаҳри Хуҷанд китоби раиси муаассисаи фарҳангии ЭКО доктор Ҳуҷҷаттулоҳи Аюбӣ таҳти унвони "Сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса: давлат ва ҳунар"-ро бо баргардонии муҳаққиқ ва намояндаи Тоҷикистон дар ин муассиса Шоҳмансури Шоҳмирзо ба табъ расонд.
Ин китоб хонандагонро бо ҷараёни шаклгирии сиёсатгузориҳои фарҳангӣ дар Фаронса, ки имрӯз яке аз қутбҳои фарҳангии ҷаҳон маҳсуб мешавад, ошно менамояд. Муқаддимаи китоби мазкур ба калами Жан Клод Карер мутаалиқ аст: «Нигорандаи ин китоб доктор Аюбӣ бо ҳунар ва фарҳанги Фаронса хуб ошноӣ дошта ва бо рӯйкарди илмӣ ва таҳлили роҳи пурфарозу фуруд, вале ҳамчунон нотамоми фаронсавиҳоро барои посухҳои илмӣ нишон додааст»
Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ соли 1962 дар Мозандарони Эрон таваллуд шудааст. Вай фавқуллисонси маорифи исломӣ ва улуми сиёсиро аз донишгоҳҳои Имом Содиқ (а)-и Эрон ва Донишгоҳи Лиюн-2-и Фаронса дарёфт намуда, бо забонҳои фаронсавӣ, арабӣ ва англисӣ ошноии комил дорад. Доктор Аюбӣ аз соли 2009 раиси муассисаи фарҳангии ЭКО мебошад.