Э.Раҳмон: Дар Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ бо Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13 октябр дар мулоқот бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия ё палатаи болоии парлумони Русия аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор изҳор дошта, ки “Русия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад”.
Манбаъ мегуяд, дар вохӯрӣ ба нақши парлумонҳои ҳарду давлат барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳо баҳои баланд дода шуд: “Таъкид гардид, ки Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо барои парлумонҳо балки барои намояндагони тамоми минтақаҳо ва доираи кории ҳар ду давлат майдони фарохи рушди ҳамгироии муштарак ба ҳисоб меравад”.
Дафтари матбуот меафзояд, дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Русия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки таббии Тоҷикистон табодули афкори судманд доир гардид.
Ба гуфтаи манбаъ, миёни ҷонибҳо доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон,таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зиди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм табодули афкор сурат гирифтааст.
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия шоми дирӯз дар раъси як ҳайат вориди Душанбе шуд.