Иҷозати парлумон барои насби парчам дар хонаи мардум
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи рамзҳои давлатӣ иҷозат доданд, ки шаҳрвандон аз парчами миллӣ истифода намоянд.
Мавлуда Қаландарзода, вакили парлумон, ки имрӯз 12-уми октябр тағйироти мазкурро дар ҷаласа муаррифӣ намуд, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, минбаъд шаҳрвандон ҳуқуқи истифодаи парчами миллиро дар хонаҳояшон доранд. Вакилон маконҳоеро, ки дар он барои истифодаи парчами миллӣ иҷозат аст, бештар намудаанд. Ба гуфтаи Қаландарзода шаҳрвандон метавонанд бо ҳисси ифтихор парчамро дар хонаю корхонаҳои худ насб кунанд.
То ҳол Парчам асосан дар пештоқи толорҳо, вазорату идора, корхонаву муассисаҳои давлатӣ, дар биноҳои сафоратхонаву консулгарӣ ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва утоқҳои хизматии ашхоси мутасаддию масъул ва роҳбарони сатҳи гуногун гузошта мешуд.
Дар Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун "Рӯзи парчами миллӣ" дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.