Нақшаи даъват ба артиш: ВМКБ пешсаф аст...
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 50 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, давоми даҳ рӯзи оғози даъват, вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаро 82 дарсад иҷро кардааст. Ноҳияҳои Дарвоз, Ишкоши ва Рушони ин вилоят нақшаро пурра иҷро кардаанд. Ба иттилои манбаъ, нақшаи даъват дар Суғд ба 63% мерасад. Дар ин минтақа ноҳияҳои Масчоҳ, Истиқлол, Спитамен, Масчоҳи Куҳӣ ва Шаҳристон аввалин шуда, нақшаро пурра иҷро кардаанд: “Вилояти Хатлон нақшаро 47% иҷро кардааст. Ноҳияҳои Носири Хусрав, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин нақшаро пурра иҷро кардаанд”.
Нақшаи даъват дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 38% ва дар чор ноҳияи пойтахт бошад, 28%-ро ташкил медиҳад.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш 1 октябр шурӯъ гардид. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 3 сентябри соли равон содир шуд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 “шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват карда мешаванд.
Акс аз интернет