Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Селим Кунералп, раиси Конфронси Паймони Неру мулоқот кард.
Тибқи иттилои ВКХ дар нишаст масоили ҳамкории дуҷониба ва дурнамои иштироки созмони мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Зимнан, Солиев гуфт, ки Тоҷикистон барои таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба қувваи барқ ниёз дорад: «Дар ҳолати камбуди газ ва нафт, ягона манбаи неру ин гидроэнергетика мебошад».Сафири Тоҷикистон таъкид сохт, ки татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои хурду миёна, алалхусус НОБ-и Роғун ба манофеи миллии Тоҷикистон пурра ҷавобгӯ буда, барои рушди иқтисодиёти давлат, инчунин дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон мусоид аст.Дипломати тоҷик диққати мусоҳибашро ба он ҷалб намуд, ки НОБ-ҳои хурду миёна эҳтиёҷоти энергетикии ҷумҳуриро пурра қонеъ намекунанд.
Ҳамзамон, Рустамҷон Солиев зарурати амалисозии тарҳи минтақавии CASA-1000-ро ба хотири пешрафти иқтисодию иҷтимоии минтақа қайд кард. Сафири Тоҷикистон аз Паймони Неру ва кишварҳои узви он барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи номбурда даъват ба амал овард.Аз ҷониби худ Селим Кунералп ба густариши равобити дуҷониба баҳои мусбат дода, омодагии хешро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба иброз дошт. Раиси Конфронси Паймони Неру ҷонибдории худро аз саъю кӯшиши мардуми тоҷик дар истифода аз захираҳои табиии худ баҳри рушди Тоҷикистон баён кард. Ӯ ҳамчунин иштироки кишварҳои узви Паймони Неруро дар пиёдасозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 имконпазир арзёбӣ намуд.