Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комисариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст
Додситонии Шаҳритус мегӯяд, нисбати қазияи латту кӯби як ҷавони 17-cола бо моддаи “майдаавбошӣ” парванда боз шуда, аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҳоли баррасӣ аст.
Бахтовар Маҳмадиев сешанбеи 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ӯро кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус мавриди латту кӯб қарор додаанд. Ба иддаои ӯ, рӯзи 7 октябр кормандони комисариат ба хонаашон омада, аммо касеро наёфтаанд: “Ҳамон рӯз дар хона набудам, кормандони “военкомат” омада, дидаанд, ки касе нест, аз хона пул гирифта рафтаанд. Баъд ба ман телефон карданд, ки биё пулҳоятро гир, маро дар як мошин бор карда, зиёд латту кӯб карданд. Ман аз дасташон гурехтам”.
Ин ҷавон бо ирсоли аксҳои худ гуфт, дар пайи ин ҳодиса бинӣ ва сараш сахт осеб дида ва панҷ рӯз мешавад, ки дар беморхона қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, аз Додситонии ноҳияи Шаҳритус имрӯз, 12 октябр ба "Озодагон" гуфтанд, дар пайи санҷиш маълум шуда, ки Бахтовар Маҳмадиев аз ҷониби кормандони комисариат латту кӯб нашудааст: “Вақте ин ҷавон ба прокуратура муроҷиат кард, ӯро бо кормандони комисариат рӯбарӯ кардем, аммо гуфт, ки касе аз инҳо маро назадааст. Баъдан маълум гардид, ки Маҳмадалиев бо корманди ҷамоат Самад Ҷӯрақулов ҷанҷол кардааст”.
Ба иттилои манбаъ, модари ин ҷавон ба комисариати ҳарбӣ муроҷиат кардааст, ки писари калонаш, бародари Бахтоварро, ки ба гапаш гӯш намедиҳад, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд: “Вақте корманди ҷамоат ҳамроҳи кормандони комисариат ба хонаи онҳо меравад, касе дар хона набудааст. Баъдан Бахтовар дар кӯча бо Саид Ҷӯрақулов ҷанҷол мекунад, ки кӣ ба ту ҳақ дод, ки ба хонаи мо равӣ ва ҳар ду даст ба гиребон мешаванд. Нахуст Бахтовар корманди ҷамоатро мезанад. Болои қоши ӯ даридааст”.
Масъули додситонӣ гуфт, чун Ҷӯрақулов корманди комисариат нест, ин қазия ҳамчун баҳси шаҳрвандӣ дар доираи моддаи “майдаавбошӣ” баррасӣ мешавад: “Прокуратура ҳуҷҷат тартиб дода, барои санҷишу қарори қонунӣ маводро аз рӯи тобеият ба ШКД фиристодааст”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус ба “Озодагон” гуфтанд, нисбати як корманди комиссариати ҳарбии ноҳия парванда боз шудааст: “Ин парванда ҳоло дар прокуратура аст”. Аксҳоро Бахтовар Маҳмадиев фиристод