Таъсиси масҷид ва ҷамъияти тоҷикон дар Олмон
Дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъияти тоҷикон ба фаъолият оғоз кардааст.
Абдулқодир Аминӣ, раҳбари ин ҷамъият, ки номи “Нур”-ро дорад, мегӯяд, он ба тозагӣ ба фаъолият оғоз намуда, сирф фарҳангӣ хоҳад буд. “Ин ҷамъият барои тоҷикон, сарфи назар аз минтақа, қавм, маҳал, забон, тафаккури сиёсӣ ва ғайра созмон дода шудааст ва ба ягон ташаккули сиёсӣ ё гуруҳ рабте надорад”,-меафзояд оқои Аминӣ.
Ба гуфтаи раҳбари ҷамъият онҳо масҷиди панҷвақтае ҳам бо номи “Тақво” бунёд кардаанд, ки тоҷикони муқими Олмон барои адои намози ҷумъа онҷо меоянд. Абдулқодир Аминӣ мегӯяд, “ин аввалин ҷамъият ва масҷидест, ки аз тарафи тоҷикон дар Аврупо ташкил шудааст”.