Оё хӯрдани савганд ниҳояти серӣ аст?
Иршод Сулаймонӣ
Баъди савганд хӯрдани вакилони Маҷлиси Намояндагон ин суол ба зеҳн меояд, ки оё хӯрдани савганд ниҳояти серӣ аст? Ин суол аз куҷо пайдо шуд?
Мардуми мо дар мавриди мансабдорон ва ҳукумат як ҳарф дорад: “Монед, ҳаминҳо хӯрданд сер карданд, дигараш меояд то мехӯраду сер мекунад, ки ҳама ҷо вайрон мешавад”. Албатта, ин гуфтаи мардум бештар ба маънои серии биологист, вале серии иҷтимоиву ахлоқиро ҳам дар назар дорад.
Эътирофи гуруснагии тасмимгирандагон ва мансабдорон аз тарафи мардум худ гувоҳи дар чӣ гуна ҷомеа ба сар бурдани мост, вале тан додани мардум ба ин ҳама ҳамоқат то куҷо сиҳат будани таркиби ҷомеаи моро бозгӯ мекунад.
Ҳоло баъди тағйироти ворида дар Қонуни Асосӣ, ки мансабдорон ҳам аз ин ба баъд ба номи Президент савганд ёд мекунанд, масъалаи садоқати вакилону мансабдорон ба мансаб ва мардум бисёр усулӣ шуд. Вале ин ҷо ҳарфи ниҳоӣ ин аст, ки оё бо хӯрдани савганд вакилону раисон сер шуданд ва дигар ба вазифа ва рисолати давлатӣ хиёнат намекунанд?
Аслан дар ҷомеаҳои солим, обод ва пешрав ниёзе ба савганд нест. Танҳо қонун ва риояти он кофист, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим кунад. Содиқ мондан ва ё намондани мансабдорон ба мардуму миллати худ ба арзишҳое бастагӣ дорад, ки муҳити ҳамон ҷомеа эҳтиром мегузорад. Агар ришва гирифтанро муҳити расмӣ ба сифати як арзиши манфур намедонад, ҳазор савганд ҳам як вазир ва ё вакили ришвахорро содиқ намекунад. Масъулиятҳоеро, ки дар ҷомеаҳои бемор аз роҳи савганд бар гардани вакилону раисон бор мекунанд, дар ҷомеаҳои солим арзишҳои ахлоқӣ танзим мекунанд.
Дар ҷомеае, ки қонун барои қишри роҳбар ва мансбдор арзише надорад, ҳеч гуна савганд таъсиргузор намешавад. Ҷомеае, ки дар пушти қонун “зиндагӣ” мекунад бо ин гуна савгандҳо “савгандзадву қасамзада” мешавад. Ҳатто аз назари дини мо ҳам касоне, ки савганд мехӯранд бештарин хиёнатҳоро онҳо мекунанду бештарин дурӯғҳоро онҳо мегӯянд.
Савганде, ки вакилони мо ёд карданд ин буд: "Ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок намоям".
Мо то кунун шоҳиди ҷасорати порлумон дар кулл ва вакилон дар алоҳидагӣ нашудаем, ки тавониста бошанд ҳангоми пазируфтани қавонин ва ё додани имтиёзҳо ба баъзе ширкатҳои мармуз барои мардуме, ки аз он намояндагӣ мекунанд, вориди баҳсҳои ҷиддӣ шуда бошанд. Манфиатҳои миллат ва давлат ҳамон манфиатҳои мардуми Тоҷикистонанд ва вакилон набояд дар тасмимгириҳои миллӣ манофеи мардумро қурбони ҳокимияти иҷроия ва ё гуруҳҳои хоси сиёсиву иҷтимоӣ кунанд.
Парлумони барҳол (амалкунанда) аз ибтидо як ҳайати “гунгу лол” буд ва чандин бор ҳам аз раиси худ ихтор гирифтааст, вале ҳеч аст, ки мо шоҳиди баҳсҳои ҷидии он шуда бошем. Ҳайати пешини Порлумон низ чандон пойбандие ба манофеи мардум надошт ва дар масъалаҳои усулӣ ҳамеша манофеи мардумро қурбони манофеи доираҳои хос мекард. Ҳатто дар ин гуна маворид наметавонист (ва ҳоло ҳам наметавонад) тасмимгириҳояшонро барои мардум шарҳ бидиҳанд. Баҳси пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Чаноқ ва ҳамин тур пайдо нашудани пулғундори он аз мавридҳое буд, ки бо қонунгузории Тоҷикистон дар маврид порлумон ва вакилон муғойират дошт.
Мантиқи вуҷуди порлумон ин аст, ки бояд битавонад аз худкома шудани ҳукумати иҷроия ҷилавгирӣ кунад ва тавозуни ҳокимиятро нигоҳ дорад. Барои ҳамин ба порлумон баъзе аз салоҳиятҳои назоратиро медиҳанд. Ҳоло парлумони мо ҳеч нақши назоратие бар ҳукумати иҷроия надорад. Аслан парлумони бидуни салоҳият бар назорати ҳокимияти иҷроия чандон парлумони қобили баҳс нест. Ҳамин тур ҳазор савганд ҳам ба сифати порлумон ва кори вакилони мо таъсиргузор намешавад. Савгандхӯрӣ танҳо як маросими ифтихорӣ ва намоишӣ мешаваду халос.
Ҳамчунин савганди мансабдорон низ таъсире ба кори ҳукумат ва ё сифати мансабдорӣ дар Тоҷикистон намерасонанд. Пеш агар савганд нохӯрда ришват мегирифтанду корҳои берун аз ваколати худ мекарданд, акнун ин корҳоро савгандхӯрда мекунанд. То замоне, ки содиқ будан ба манфиатҳои миллат ва эҳтироми ирода ва манофеи мардум аз як шиор ба арзиш табдил нашавад, ҳеч гуна савганде наметавонад боиси ба иртиқои ҳокимият ва навсозии ҷомеа шавад. Ва агар ин арзиш ва эҳтироми он барои мансабдорони мо як асл ва усули кор намегардад, савганд хӯрдани онҳо ниҳояти серӣ нест ва он таъбири мардумӣ ҳам пояи мантиқӣ дошта наметавонад. Ҳоло баъди савганд ёд кардан вакилону мансабдорони мо айнан тавре амал мекунанд, ки ҳаким Фирдавсӣ 1000 сол пеш гуфта буд:
Кунун ҳар чи гӯямаш ҷуз он кунад,
На савганд донаду на паймон кунад.