Мухтор Қурбонов, мураббии дарвозабонҳои тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе шаби гузашта дар синни 56- солагӣ даргузашт.
Аз дафтари матбуотии тими “Истиқлол” ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ки Қурбонов 7-уми октябр дар кор буд ва аз саломатӣ шикоят надошт: “Рӯзи дароз дар кор буд, то бегоҳ ба тамрини дастпарваронаш машғул буд. Баъди кор ба хона рафтааст ва дар он ҷо ҷон додааст”.
Манбаи “Озодагон” аз қавли табибон иттилоъ дод, ки Мухтор Қурбонов бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст: “Имрӯз ҷасади марҳумро дар қабристони Сариосиё ба хок месупоранд”.
Мухтор Қурбонов, фаъолияти мураббигиашро дар тими “Истиқлол”оғоз карда, соли 2012 ҳамроҳ бо ин тим Ҷоми президенти АФК-ро ба даст оварда буданд. Номбурда инчунин дарвозабонҳои тими миллии кишварро тамрин дода, дар дастаи “Помир”-и пойтахт низ фаъолият кардааст.
Машқи Қурбонов бо дастпарваронаш дар рӯзи 7-уми октябри соли 2016: