Кумитаи амният дар бораи ҳозир нашудани намояндааш ба мурофиаи Шаҳбол: Огоҳ набудем
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ сабаби ба мурофиаи додгоҳии сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ҳозир нашудани намояндаашро шарҳ додааст.
Мурофиаи додгоҳии дубора барои рӯёндани зарари маънавию моддии Шаҳбол Мирзоев аз мақомоти марзбонӣ 6-уми октябри соли равон дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дар назар буд, аммо бо далели ҳозир нашудани намояндаи ҷониби ҷавобгар баргузор нашуд.
Масъулини қӯшунҳои сарҳадӣ мегӯянд, «мутаассифона дар бораи оғози суд оид ба парвандаи гражданӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ягон маълумотнома ворид нагардид ва аз ин сабаб дар мурофиаи судӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ намоянда иштирок надошт. Дар сурати дастрас гардидани маълумотномаи суд оид ба оғози рафти парвандаи гражданӣ, намояндаи Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд”.
Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбудаи тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар назар аст, ки аз сар гирифта мешавад.
Тавре аз эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев, ки боиси норозигии ҳар ду ҷониб шуд, оғози мурофиаҳои нави додгоҳӣ бо сабабҳои номаълум ба таъхир гузошта мешуданд: “Дар оғози мурофиаҳои нав додгоҳи Душанбе ба суди шаҳри Красногорск барои маълумот дар бораи табобати Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи низомии рақами 3-и Красногорск дархост фиристод буд. Моҳи июли соли равон беморхонаи Русия ба додгоҳи Тоҷикистон посух дод. Аз он вақт ин ҷониб мурофиаи парванда чанд бор ба таъхир гузошта шуд”.
Тобистони соли гузашта Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бекор кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки қарор дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар бекор шуд.
Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард,“гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".