11 сол ҳабси судяи мубталои саратон барои гирифтани $111 ҳазор пора
Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро, ки бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора боздошт шуда буд, ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик хабар дода, афзуд, ки ҳукми додгоҳ 6-уми октябр содир гардидааст.
Саидзода, зимни тафтишоти парвандааш аз боздошт раҳо шуда буд, ба иттилои Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мубталои бемории саратон мебошад
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ карда буд, ки Саидзода бо имзои забонхат, ки аз макони зисташ берун намеравад, аз боздошт раҳо шуд. Раиси додгоҳ гуфт, раҳоии муттаҳам дар салоҳияти мақомоти тафтишотӣ аст ва агар муътақид бошанд, ки гумонбар намегурезаду ба бозпурсиҳо ҳозир мешавад, ӯро раҳо мекунанд: “Тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз ҷониби мақомоти зидди коррупсия идома дорад, вале гунаҳкорӣ ё бегуноҳиро мақомоти судӣ ҳал мекунанд”.
Моҳи июн Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Искандар Саидзодаро ифшо карда буд.
Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод Саидзода ба ивази пора ба шаҳрвандон “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зидди фасод онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам кард, ваъдаи пуштибонӣ додааст: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон "А" ва "Б" ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Саидзода кирдори ҷиноияшро идома дода, дар доираи парвандаи дигар аз шаҳрвандон "А" ва "Б" боз 50 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардааст: “17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуд”.