Э.Раҳмон баъди 2 рӯзи суҳбати охир боз ба Путин занг зад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 5-уми октябр дар рӯзи мавлудаш бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия суҳбат дошта буд, имрӯз, 7-уми октябр боз ба ӯ занг задааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо зодрӯзаш, ки имрӯз таҷлил мешавад, бо таманниёти беҳтарин ва самимият табрик намуд.
Манбаъ мегӯяд, Президенти Тоҷикистон нуфузи баланди Владимир Путинро дар дохили Русия ва берун аз он таъкид намуда, нақши барҷастаи ӯро дар рушди рӯзафзуни муносибатҳои наздики дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуд: “Зикр гардид, ки фаъолияти мақсадноки муштарак дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯи ҳадафҳои бунёдии мардумони ду кишвар буда, омили суботу амнияти минтақавӣ мебошад”.
Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар суҳбат бо расонаҳои Русия гуфтааст, раҳбарони Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз ҷумлаи аввалинҳо буданд, ки телефонӣ раисиҷумҳури Русияро бо зодрӯзаш шодбош гуфтанд. Песков афзуд, президентҳо танҳо бо табрикот маҳдуд нашуда, бо истифода аз фурсат масоили дигарро баррасӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи қабл Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар шаҳри Кӯлоб қарор дошт, занг зада, ӯро бо мавлудаш табрик кард. Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон имсол 64-солагияшонро таҷлил намуданд.