ИМА ба ҳукми адвокатҳои тоҷик вокуниш кард: Мо даъват намудаем, ки мурофиа шаффоф гузаронида шавад
Иёлоти мутаҳидаи Амрико аз ҳукми тӯлонии ду адвокати тоҷик изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороти ИМА, ки имрӯз, 7 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ҳукумати Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват намуда буд, мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов одилона, шаффоф ва мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ гузаронида шавад: “Дастрас набудани ҳимояи ҳуқуқии зарурӣ барои Ёров ва Махкамов, аз ҷумла барои овозҳои мустақил, боиси эҷоди монеа дар пешрафти демократии Тоҷикистон гардид”.
Дар идома омадааст, Иёлоти мутаҳида аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон даъват менамояд, барои тамоми вакилони дифоъ ҷиҳати бе тарсу фишор, минҷумла ҳабси ғайриқонунӣ ё таъқибот адо намудани фаъолияташон имконият фароҳам оваранд: “Мо итминон аз он дорем, ки пешрафти мунтазам ва таъмини амну субот дар Тоҷикистон пайравии Ҳукумати кишварро аз ҳифзи озодиҳои бунёдии ҳамаи шаҳрвандон талаб менамояд”.
6 октябр Додгоҳи шаҳри Душанбе вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кард. Қаблан, Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ин ду муттаҳам мутаносибан 25 ва 23 соли зиндонро талаб карда буд. Ҳам Ёров ва ҳам Маҳкамов ҳангоми ироаи сухани охири худ изҳор доштанд, ки бегуноҳ ҳастанд. Муаззама Қодирова, вакили дифои ин ду адвокати маҳкумшуда ҳукми додгоҳро сангин хонда изҳор дошт, шикояти кассатсионӣ мебарад.