Мақомот: Марги мансабдори Палатаи ҳисоб куштор нест
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар пайи тафтишот муайян намудаанд, ки марги Кенҷабой Ҷӯраев, сардори шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб маҷбурӣ набудааст.
Тавре манобеи “Озодагон” имрӯз, 7-уми октябр иттилоъ доданд, феълан мақомот омилони худкушии Ҷӯревро кофтукоб доранд: “Сад дар сад марги маҷбурӣ нест, лекин мо дар масъалаи ба худкушӣ оварда расонидан кор карда истодаем, ки мабодо бо ягон кас ҷангу ҷанҷол ё қарзу қавола доштааст. Чанд нафарро бозпурсӣ кардем. Ҳоло гурӯҳи корӣ кор карда истодаанд ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”.
Ҷасади Кенҷабой Ҷӯраев санаи 28 июл, пас аз 6 рӯзи нопадид шуданаш аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб ёфт шуда буд. Кенҷабой Ҷӯраев, ки 40 сол дошт, қабл аз омаданаш ба мақоми сардори Шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар Вазорати умури дохилӣ ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия низ ифои вазифа намудааст.