Номи Э.Раҳмон, С.Абдулқодирзода, Д.Назаров дар феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017”
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаровро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017” шомил кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар бахши сиёсӣ ва Абдулқодирзода дар бахши идораи умури дин вориди феҳраст шудаанд. Дилшод Назаров дар қатори мусалмононе мақом гирифтааст, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ба медали тилло даст ёфтанд.
Сегонаи аввали ТОП-50-и феҳристи “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017”-ро Шайх Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб профессори донишгоҳи Ал-Азҳар, Абдуллоҳи 2 ибни Ҳусайн шоҳи Урдун ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд шоҳи Арабистони Саудӣ ба худ ихтисос додаанд. Дар мақоми 4-ум Алӣ Хоманаӣ роҳбари Эрон нишастааст. Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 37-ум омадааст.
Дар ин рӯйхат инчунин раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ворид шудаанд. Феҳристи имсола номи 7 экстремистро низ дорад, ки дар садри он Абубакр Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” менишинад.
Номи раисҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ин ду бор ба ин феҳрист роҳ ёфта буд. Дар гузашта исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ҳам шомили “500 мусулмони таъсиргузори ҷаҳон” шуда буд.