“Рейдҳо”-и Кумитаи дин барои ҷилавгирӣ аз “ҳоҷиошӣ” ва “ҳоҷиталбон”
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои баргузории маъракаҳои манъгардидаи “ҳоҷиошӣ” ва “ҳоҷиталбон” хабар медиҳад.
Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, дар пайи рейдҳои вижа бештар аз 70 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ шуда, нисбат ба 25 ҳолати вайрон гардидани талаботи қонунгузории кишвар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст: “Ҳарчанд аз ҷониби мақоми ваколатдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи моддаи 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" анҷом дода мешавад, аммо то ҳол баъзе аз шаҳрвандон дидаву дониста маъракаҳои манъгардидаи “ҳоҷиошӣ” ва “ҳоҷиталбон”-ро баргузор менамоянд”.
Оқои Муқим гуфт, феълан рейдҳо барои ҷилавгирӣ аз баргузор намудани маъракаи “ҳоҷиталбон" дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар идома доранд.
Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан аз 18 сентябр шурӯъ гардида, охирин гуруҳи онҳо дирӯз вориди Душанбе шуд.