Дар ин бора зимни мулоқоташ президенти Тоҷикистон бо фиристодаи вижаи райисҷумҳури Амрико оид ба Афғонистону Покистон Марк Гроссман иброз дошт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ гардида, ҷаноби Гроссман нақши сиёсӣ ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ карда, ба Раҳмон ва мардуми кишвар барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои эътилофӣ ва ба барқарорсозии оромию субот дар Афғонистон арзи сипос намуд. Ҳамзамон, таваҷҷўҳи бештар ба роҳҳои ҳамгироии ду кишвар барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар , омодасозии кадрҳои сатҳи муосир барои сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои дастгирии мушаххас аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла дар бахшҳои бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва таъмини робитаи мунтазами миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид намуданд. Масоили ҷилавгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.{jathumbnail off}