Клипи иҷтимоии Мадина: Шикоят аз "азоби янга"-ву "акаи номард" ва шукронаи роҳбари давлат (ВИДЕО)
Дар интернет клипе ба сайр даромадааст, ки мушкили хонаводагиро бозгӯ мекунад. Дар ин навор, ки бар суруди “Очаи ҷон”-и Мадина Давлатова таҳия шудааст, нишон дода мешавад, ки хушдомане келину фарзанди ӯро аз хонааш берун мекунад. Аз матни суруд бармеояд, ки модари ин зан дар қайди ҳаёт нест ва дар хонаи бародараш низ рӯзи хуш надорад. Дар идомаи таронаи Мадина аз “азоби янга” ва “номардӣ”-и бародар ҳам шикоят мешавад.
Пешниҳоди чунин мавзӯъ дар Тоҷикистон таҷрибаи аввал нест ва даҳҳо суруду клиперо мешавад, пайдо кард, ки дар он мушкили хонаводагӣ баррасӣ шудааст. Аммо Мадина Давлатова дар поёни сурудаш мехонад, ки:
“...Ин кафтари беболу парам пуштаки дар,
Шукрона ба ин давлату ин роҳбар кунам” ва дар клип наворҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Дар шоубизнеси Тоҷикистон таронаҳои ба Эмомалӣ Раҳмон бахшидашуда зиёданд, аммо таронаҳои иҷтимоӣ, ки дар он ба президент шукргузорӣ мешавад, ангуштуморанд.