“Эсхата” гум шудани 2 кило пулашро рад кард
Бонки “Эсхата”-и Тоҷикистон хабари расонаҳои русӣ дар бораи гум шудани 2 кило пулаш ҳангоми интиқол ба Маскавро рад кард.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия 5-уми октябр ҳангоми интиқоли 144 кило пули русӣ, муодили 200 миллион рубл тариқи хатсайри “Душанбе-Маскав” ду килои он гум шудааст: “6 халтаи пул аз бонки Эсхатаи Тоҷикистон ба бонки “Новиком”-и Маскав бояд интиқол меёфт ва хадамоти инкассаторӣ масъули амнияташ будаанд. Аммо дар ҳавопаймо як халта осеб дидааст ва ду бастаи пул аз он гум шудаанд. Ҳангоми қабул муайян шудааст, ки ба ҷои 144 кило сабтшуда ҳамагӣ 142 кило интиқол ёфтааст”.
Аммо бонки “Эсхата”-и Тоҷикистон дар пайи санҷиши хабарҳо имрӯз, 6-уми октябр эълон намуд, ки маблағҳояш гум нашудаанд ва расонаҳо ба шитобкорӣ роҳ додаанд.