3 пешниҳоди Оқохони IV барои пешрафти Афғонистон ва зикраш аз таҷрибаи “Помир энержӣ”
Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон зимни ширкат дар конфаронси Брюссел дар мавриди Афғонистон барои пешрафти ин кишвар 3 пешниҳод кардааст.
Оқохон ба унвони пешниҳоди аввал таъкид кардааст: “Талош барои тақвият ва рушди сармояи инсониву иҷтимоии Афғонистон зарурӣ аст. Бо ин ҳадаф Бунёди Оқохон оид ба рушд дар доираи тарҳи стратегии вазорати маорифи Афғонистон 850 мактаб ва марказҳои омӯзиширо дастгирӣ мекунад. Бунёди Оқохон дар заминаи тандурустӣ 1.6 миллион шаҳрванди Афғонистонро муолиҷа ва 13 ҳазор пизишк, парастор ва корманди тибро омӯзиш додааст”.
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон дастгирии ҷомеаи шаҳрвандиро барои пешрафти Афғонистон як зарурати дигар хондааст. Ба гуфтаи вай: “Мо аз даҳҳо таҷриба омӯхтаем, ки ҷомеаи шаҳрвандии муассир як асли пешрафти пойдор мебошад ва барои рушди фарогир кумак мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад истеъдодҳои созандаро аз банди созмонҳо, шахсҳо ва бахши хусусӣ раҳо кунад”.
Оқохони IV дар конфаронси дурӯзаи Брюссел ҳимоят аз рушд дар Афғонистонро асли 3-юм барои беҳбуд вазъи ин кишвар донистааст. Ӯ таъкид кардааст: “Барои ноил шудан ба дастовардҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии устувор ниёз ба кори фаромарзӣ аст”.
Оқохони IV дар ин робита ширкати "Памир Энерҷӣ" яке аз таҷрибаҳои ҳамкории Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ бо ҳукумати Тоҷикистонро мисол овардааст, ки ин ширкат аз соли 2008 ба ин сӯ барои 35 ҳазор шаҳрванди Афғонистон барқ содир кардааст.
Дар ҳоле, ки Бунёди Оқохон шурӯъ аз соли 2001 то ҳол барои беҳбуди кайфияти зиндагии Афғонистон 1 миллирад доллар сармоягузорӣ кардааст, Оқохон дар Брюсел гуфтааст, ки Бунёди ӯ аз ҳоло то соли 2020 ҳамин миқдор маблағи дигарро барои мероси фарҳангӣ, маориф, барқ, тандурустӣ ва коҳиши фақр сармоягузорӣ мекунад.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ дар ҳамоиши Брюссел ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба Афғонистон 15.2 миллиард доллар ихтисос додааст. Ин кумак аз сӯи беш аз 75 кишвар ва 25 созмону ниҳодҳо то соли 2020 вориди Афғонистон мешавад.