Боздошти сокини Душанбе, ки ҳамсарашро бо корд 7 зарба зад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 30-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар маҷруҳ кардани ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, муттаҳам 4-уми октябри соли 2016, тахминан соати 19:20-дақиқа, дар манзили истиқоматӣ, бо ҳамсари 28-солааш ҷанҷол намуда, бо корд 7 бор ба аъзои бадани ӯ задааст: “Дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Манбаъ афзуд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.