Раҳбари департаменти кишварҳои ИДМ дар вазорати умури хориҷии Русия имрӯз ба хабарнигорон гуфтааст, барои лағви ҳукми халабон Владимир Садовничий талош хоҳанд кард.
Максим Пешков, сафири собиқи Русия дар ҶТ ҳамчунин илова кардааст, ки ба ин манзур як қатор иқдомотеро рӯи даст гирифтаанд, аммо номбурда аз тафсилоти бештар худдорӣ кардааст. Зимнан, ҷаноби Пешков сарусадоҳо атрофии иваз кардани Садовничийро бо Рустам Ҳукумов, шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон рад намудааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки халабонҳои ширкати “Ролкан” Алексей Руденко ва Владимир Садовничий баъди бозгашт аз Тоҷикистон ба журналистони Русия гуфтаанд, ки парвандаи онҳо сохта буд ва ғасби ду ҳавопаймои Ан-72-ро ба ҳадаф дошт.