Милиса: Нафаре, ки аз боми "Китайская стена" афтид, бемор буд (АКС)
Мақомоти умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, нафаре, ки имрӯз, 5-уми октябр аз боми бинои 9-ошёнаи маъруф бо номи "Китайская стена" ба замин афтид, бемории руҳӣ доштааст.
Тавре нозири минтақавии ин маҳалла ба “Озодагон” гуфт, марҳум Орифҷон Азизов, сокини 30-солаи маҳаллаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки аз боми бинои маъруф бо номи "Китайская стена" дар кӯчаи Ҷаббор Расулов ба замин афтида, ҷон додааст. Манбаъ аз қавли наздикони марҳум афзуд, ки ӯ касалии руҳӣ доштааст ва феълан маълум нест, ки ин ҳодиса тасодуф буд ё худкушӣ.
Сокинони ин бино дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, ин ҳодиса соатҳои тақрибан 12:00-и имрӯз ба вуқӯъ пайвастааст. “Баъзе аз сокинони ин бино мегӯянд, ин нафар ҳангоми насби антенна ба замин афтидааст”. Чанд бошандаи дигари бино таъкид намуданд, ки фарди афтида сокини ин бино набудааст.