Боздошти се тоҷикистонӣ барои гаравгонгирии кӯчарӯби тоҷик (ВИДЕО)
Мақомоти умури дохилии Русия аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар гаравгонгирии кӯчарӯби 20-солаи ҳамватанашон муттаҳам мешаванд.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ медиҳад, муттаҳамон барои раҳоии муҳоҷири 20-сола аз наздиконаш дар Тоҷикистон 350 ҳазор рубл талаб кардаанд: “Кӯчарӯбро 20-уми сентябр аз ҷои кораш рабуда, дар таҳхонаи як бинои дуошёна дар шимоли Маскав нигоҳ медоштаанд. Барои дарёфти маблағ ба наздикони муҳоҷири гаравгон як рӯз муҳлат дода, таҳдид намудаанд, ки дар акси ҳол ҷабрдидаро қатл хоҳанд кард”.
Дар навори боздошту бозпурсии муттаҳамон, ки Вазорати умури дохилии Русия нашр намудааст, яке аз боздоштшудаҳо изҳор медорад, кӯчарӯбро танҳо ҷазо додаанд: “Ман ӯро ҷазо додам. Вай гаравгони ман набуд. Агар гаравгон мебуд, завлона ё скоч медошт”.
Ба иттилои манбаъ амалиёти боздошт аз ҷониби кормандони “СОБР” амалӣ шуд. Вазорати умури дохилии Русия афзудааст, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми одамрабоӣ ва тамаъкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Видеои боздошти муттаҳамон, ки ВКД нашр кардааст.