Аҳмад Саидӣ: Балои ҷанг домани Осиёи Миёнаро ҳам мегирад
Ҷанг дар Кундуз стратегияи Амрико барои интиқоли ҷанг ба кишварҳои Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон ва Узбакистон аст, ки имрӯз шиддат мегирад. Ин нуктаро Аҳмад Саидӣ, коршиноси масоили сиёсии Афғонистон изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷанг дар шимоли Афғонисон тарҳи Амрико ва Ғарб бо мақсади зарба задан ба манофеи Русия мебошад, ки таҳмил шудааст. Ин коршинос иддао дорад, ҳоло ҷанги Ховари Миёна довомдор шуда ва Амрико эҳсос мекунад, ки манофеи иқтисодии худ дар он минтақаро аз даст медиҳад, бинобар ин дар талоши ноором кардани Афғонистон ва ҳидояти ин нооромӣ ба Осиёи Миёна аст.
Аҳмад Саидӣ таъкид мекунад, бо ин роҳ Амрико ва Ғарб дасти дарози Русия дар ҷанги Ховари Миёнаро кутоҳ намуда, ин кишварро дар ин минтақа машғул ба як ҷанги нави пешбининашуда мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Амрико ва Ғарб дар минтақа ба як терминали густариши ҷанг ниёз дошт, ки ба бовари ман ин терминал вилояти Кундуз интихоб шудааст. Ба ин далел, ки Кундуз аз нигоҳи стротежӣ ва таркиби ақвом барои ҷанг аҳамият дорад, аз тарафи дигар ба Тоҷикистон ва Узбакистон наздик аст. Бинобар ин ман бовар дорам, ки балои ҷанг оҳиста-оҳиста домани Осиёи Миёнаро ҳам мигирад”.
Оқои Саидӣ афзуда, ҷанги Афғонистон ҷанги минтақаӣ аст, Амрико ва Ғарб то замоне дар ин минтақа ба хостаҳои худ даст наёбанд, аз амалӣ кардани стратегияи ҷанг даст намекашанд: “Дар пушти ин ҷанг мустақиман Амрико, Ингилис ва Покистон қарор доранд. Русҳо ин рӯз аз густариши ҷанг дар Осиёи Миёна ташвиш доранд, Ҳиндустон ҳам мушкили бандари Чобаҳорро дорад. Ман бовар дорам, ки ба зудӣ миёни Русия ва Ҳиндустон як навъ таъомул ва як навъ иттиҳод эҷод хоҳад шуд, ки бихоҳанд аз рушди терроризм дар Осиёи Миёна ҷилавгирӣ кунанд”.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон “Толибон” дар пайи ҳамла як қисмати вилояти Кундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, таҳти идора даровардаанд. Рӯзи гузашта хабаргузории "Пажвок" аз суқути Майдони марказии шаҳри Кундуз ба дасти ин гуруҳ хабар дод.