Манбаъ афзуд, рӯзи 26-уми ноябр бозии мавқуфмондаи дастаҳои “Гвардия” ва “Вахш” барпо мегардад. Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Равшан”- бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст, ки ҳамагӣ се бозии дигар дорад. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 76 имтиёз аз 32 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. Дастаи “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 27 бозӣ кардааст, бо 71 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад. Бозиҳои даври охирин – 44-ум рӯзи 29-уми ноябр баргузор мешавад: Дар ин давр дастаҳои “Парвоз” - ССКА “Помир”, “Энергетик” - “Истиқлол”, “Вахш” - “Равшан” миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян карда хоҳад шуд.