Дастури Убайдуллоев: Фаъолияти масҷидҳо “он-лайн” назорат шавад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имомхатибони масоҷиди панҷвақтаю ҷомеи пойтахтро маваззаф намудааст, ки дар масоҷид дурбинҳои назоратию дастгоҳҳои кашфи металҳоро насб намуда, тариқи “он-лайн” бо масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб пайваст кунанд.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, қарор барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе қабул шудааст.
Убайдуллоев дархости Саидмукаррам Абдулқодирзода, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва Кумитаи динро ба назар гирифта, дастур додаст, ки тамоми дурбинҳои мушоҳидавии масоҷиди пойтахт мутамарказ ва ба масҷиди марказӣ пайваст карда шаванд: “Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бетаъхир дар даромадгоҳ ва нуқтаҳои зарурии масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металлиро насб намуда, фаъолияти мунтазами самараноки онҳоро таъмин ва баҳри ба маркази ягона дар масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷи Яъқуб» тариқи реҷаи мустақим (оn-line) ба роҳ мондани назорати доимии онҳо саҳмгузорӣ ва чораҷўӣ намоянд”.
Тибқи қарори Убайдуллоев мақомоти умури дохилӣ ва амният муваззаф шудаанд, ки барои амалӣ намудани ин иқдом мусоидат кунанд.
Раиси Душанбе муовинаш Ҷамила Лангариеваро масъули иҷрои ин қарор таъин кардааст.