Сафару мулоқоти амниятиҳои аршади Русия дар Тоҷикистон ва фаъолшавии Толибон
Дар пайи сафари Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки 29-уми сентябр сурат гирифт, шаби гузашта Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия вориди Тоҷикистон шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик Патрушев имрӯз, 4-уми сентябр бо ҳамтои тоҷикаш генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, мулоқот карда, масоили амниятӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ намуданд.
Дар иттилоияе, ки Шӯрои амнияти Русия аз ин мулоқот нашр кардааст, гуфта мешавад, "дабирони ҳар ду кишвар таъкид кардаанд, то барои ҷилавгирӣ аз терроризми байналмилалӣ аз тамоми зарфиятҳо чи дар доираи ҳамкориҳои ду кишвар ва чи дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СПАД, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ИДМ истифода шавад. Ҳамчунин дар дидори мазкур масъалаҳое монанди тақвияти бахшидани ҳамкориҳо дар заминаи ҳаллу фасли муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ва мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шудаанд".
Дар иттилоияи Шӯрои амнияти Русия омадааст: “Ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки дар Афғонистон фаъолияти ташкилотҳои террористӣ дар ҳоли пурзӯр шудан аст. Дар ин робита ба мушкили ҳифзи марзи Тоҷикистон ишора шудааст”.
Манобеъ мегӯянд, эҳтимол Патрушев инчунин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар мулоқот анҷом диҳад.
Ин дидорҳои мақомҳои амниятиии Русия бо ҳамтоёни тоҷикашон дар ҳолест, ки Кундузи, вилояти Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ба дасти Толибон суқут кардааст.
Андрей Грозин, раҳбари шуъбаи Пажуҳишгоҳи ИДМ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба "Спутник" гуфтааст ин амали Толибон барои мақомоти Тоҷикистон ва Русия ногаҳонӣ набуд. Ба бовари ӯ Николай Бордюжа “барои муқоисаи иттилои мавҷуд дар мавриди ба вуқӯъ омадани ҳамлаи Толибон ва инчунин нишон додани имкони созиши минтақавӣ дар доираи кишварҳои узви СПАД ба Тоҷикистон рафта буд”.
Ин коршиноси рус таъкид кардааст, ки Тоҷикистон набояд аз фаъол шудани Толибон, балки аз бад шудани авзои умумӣ дар марзи Афғонистон тарс дошта бошад. “Дар Афғонистон гуруҳҳои гуногуни мусаллаҳ вуҷуд доранд, ки амали ҳар кадомашон барои ҳамсоякишварҳо ҳолатҳои ғайричашмдошт ба бор хоҳанд овард”.