Идомаи коҳиши қурби $ ва болоравии арзиши рубл дар Душанбе
Қурби 1 доллари амрикоӣ то 7,87 сомонӣ поин рафта, арзиши 1000 рубли русӣ дар Душанбе то 125 сомонӣ расидааст.
Дар ҳоле ки нимаи моҳи гузашта қурби доллари амрикоӣ дар Душанбе то ба 791-7,93 сомонӣ расида буд, тайи ду ҳафтаи охир майли поинравӣ дошта, имрӯз, 4-уми октябр дар саррофиҳои пойтахт ба 7,87-7,89 сомонӣ баробар шудааст.
Бонки давлатии “Амонатбонк” қурби як доллари амрикоиро зимни харид 7,87 ва ҳангоми фурӯш 7,89 сомонӣ муайян намудааст. Дар баробари поинравии қурби доллар, арзиши рубли русӣ боло рафта, феълан 1000 рубл дар маркази Душанбе ба ивази 124-125 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии 1 долларро-7.8717 сомонӣ, 1 евро-8.8446 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1218 сомонӣ муайян намудааст. Ин ниҳод шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки берун аз намояндагиҳои бонкҳою банкоматҳо мубодилаи асъори хориҷӣ мамнуъ буда, ҷазои маъмурию ҷиноиро дар пай дорад.