Суқути Майдони марказии Кундуз ба дасти “Толибон”
“Толибон” Майдони марказии шаҳри Кундузро тасарруф кардаанд.
Хабаргузории “Пажвок” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятии Кундуз навиштааст, “Толибон” дар Майдони марказӣ парчами худро барафроштаанд.
Хабарнигори ин расона гуфтааст, бархе аз масъулони маҳаллӣ ва чанд тан аз аъзои Шӯрои вилоятиро дар фурудгоҳи Кундуз дидааст. Аммо, волӣ, қумандони амният ва раиси амнияти миллӣ дар шаҳр ҳузур доранд ва барои саркӯби "Толибон" барномарезӣ мекунанд.
Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, дар пайи набарди “Толибон” бо неруҳои давлатӣ, ки субҳи имрӯз аз чанд тараф ба шаҳри Кундуз ҳамла кардаанд, як тан кушта ва 35 нафари дигар, бо шумули ғайринизомиён захмӣ шудаанд.